Мактаббачагон дар таътили зимистона бо машғулиятҳои ҷолиб фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар таътили зимистона мактаббачагон бо машғулиятҳои ҷолиб банд шуданд.
Тавре ки аз Маркази кӯдакон ва наврасони пойтахт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муддати як моҳ дар мактабҳо барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, беш аз ду ҳазор толибилмон дар таҷлили Соли ҷавонон дар боғи устод Рӯдакӣ ҷамъ омаданд.
Дар ин давра инчунин байни хонандагон озмуни иншо ва расми беҳтарин дар мавзӯи «Ҷавонон ва ҷомеаи солим» гузаронида шуд.
Барои хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ ва Маркази кӯдакону наврасон инчунин маҳфилҳои эҷодӣ доир шуданд. Дар маҳфилҳо хонандагон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, дарсҳои иловагӣ машғул шуда, ба озмунҳои ноҳиявию шаҳрӣ омодагӣ медиданд.
Инчунин дар ин давра байни толибилмон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ озмуни сурудҳои ватандӯстӣ эълон гардид. Дар он хонандагони ҳамаи мактабҳои ҳамагонӣ метавонанд ширкат варзанд.
Суруди беҳтарин дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ ҷамъбаст хоҳад шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






