«Мо, ҷавонон аз ташаббусҳои Пешвои миллат ифтихор дорем!»

Январь 19, 2017 14:37

0ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 18 январи соли равон бо иштироки Маҳфили стипендиагирандагони ҷавони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавзӯи «Мо ҷавонон аз ташаббусҳои Пешвои миллат ифтихор дорем!» суҳбат доир гардид.
Сараввал иштирокчиён муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми кишвар доир ба пурра аз байн бардоштани меъёри маҳдудияти таъмини аҳолӣ неруи барқ тамошо намуда, атрофи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат суҳбат намуданд.
Саъдулло Юсупов, роҳбари Маҳфил аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки байни атрофиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро ба самаранок истифода бурдани неруи барқ даъват намоянд.
Ҳамчунин иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон-наҷотбахши сайёра», «Эмомалӣ Раҳмон-муаррифгари Тоҷикистони муосир дар ҷаҳон», «Об-манбаи ҳаёт», «Роғун-ҳаёту мамоти Тоҷикистон» , «Роҳ-пайвандгари қарнҳо», «Истиқлолияти энергетикӣ-орзуву умеди мардуми тоҷик» доир ба ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумати кишвар андешаҳояшонро баён намуданд.

Январь 19, 2017 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд