Моҳияти бузурги Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Январь 23, 2017 16:01

ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҷамъомад доир гардид.
Тавре аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Абдуҳалимзода зикр намуд, ки истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад. Махсусан дар ҷаҳони имрӯза новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад.
Боиси ифтихори ҳар як сокини диёри мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз соли 1992 инҷониб бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра намудор сохтанд.
Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Зайналобудин Кобулиев дар бораи моҳияти бузурги Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 гуфт: «Соли 2000 Созмони Милали Муттаҳид то соли 2015 ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо пешниҳод намуд ва мувофиқи ҳадафҳои муайяни рушди ҳазорсола масъалаҳои обу беҳдошт, яъне санитария ба банди 8-ум дахл дошт. Тибқи ин банд бояд то соли 2015 теъдоди тамоми шахсоне, ки ба об дастрасӣ надоранд, то нисф коҳиш ёбад. Бинобар он дар партави расидан ба ҳамин ҳадафҳо якчанд ташаббусҳои дигаре аз ҷониби Сарвари кишвари мо пешниҳод гардиданд.
Дар барномаи рушди устувор манзалати ин барнома аз банди 8-ум ба банди 6-ум баромад. Пешниҳодоти банди шашум аз дастрасии умум ба об ва беҳдошт иборат мебошад. Яъне то соли 2030-юм ҳама бояд ба об ва беҳдошт дастрасӣ дошта бошанд. Мувофиқи пешниҳодҳои олимони дунё то соли 2050 аллакай дастрасӣ ба захираҳои об зиёда аз 25 то 30% кам мешавад».
Қабули муваффақонаи Қатъномаи мазкур боиси ифтихори тоҷикистониён буда, моҳияти ин амали бузургро бояд ҳама донанд, сарватҳои моддии кишварро ҳифз намоянд, сарфакорона истифода баранд, зеро оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон ба вайрон шудани низоми табиат оварда мерасонад.

Январь 23, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад