«Мо пайравони Пешвои миллатем!»- ҳамоиш дар ноҳияи Ховалинг

Январь 18, 2017 15:28

ХОВАЛИНГ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи баландкӯҳи Ховалинг бо иштироки беш аз 1000 нафар ҷавонон зери унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем!» ҳамоиш доир гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон роҳандозӣ гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди раиси ноҳия баргузор шуд. Дар он суҳбати озоду ошкоро бо роҳбарияти ноҳия доир гардид.
Хушбахтона, ҷавонони ноҳияи Ховалинг ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил нагардидаанд. Онҳо бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсили илм карда, дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд,- гуфта шуд зимни суҳбат.

Январь 18, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд