Мулоқот дар қисми ҳарбӣ ҷиҳати шарҳи Паёми Пешвои миллат
ДЕВАШТИЧ, 18.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0214 Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ баргузор гардид. Дар ин бора Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич хабар дод,
Зуфар Исмоилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ зикр намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.
Аз номи ҳайати қисми ҳарбӣ ва сарбозону афсарон командири қисми ҳарбӣ зикр кард, ки мо афсарону сарбозон ҳамеша дар ҳимояи Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем ва дар ҷавоб ба ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат ҳимоятгари Ватанамон хоҳем буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






