Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо муовини котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ

Январь 17, 2017 12:41

ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода як ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Халқии Хитой-намояндагони Ҳизби Коммунистии Хитой таҳти роҳбарии муовини котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ Шэн Чуняоро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мулоқот, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, хеле судманд ва самимӣ ҷараён гирифт.
Саидмурод Фаттоҳзода Хитойро яке аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон дониста, таъкид кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳкиму густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Хитой яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Инчунин байни ин кишварҳо муносиботи хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба манфиати халқу миллатҳои ҳар ду ҷониб мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, муовини котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ низ аз робитаҳо ва ҳамкории Хитою Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой Тоҷикистонро яке аз наздиктарин ҳамсояҳои худ ҳисобида, ҳамеша барои тақвияти муносибот бо ин кишвари дӯст аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки байни Тоҷикистон ва Хитой тақрибан 200 санад ба имзо расидааст, ки барои таҳкими ҳамкории дуҷониба заминаи муносиб фароҳам меоранд. Ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Хитой дар ҳоли афзоиш қарор дошта, аз 2 миллиард доллар зиёд мебошад.
Баъди мулоқоти хоссаи ҳайатҳо мулоқоти васеи ҷониби Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси ҲХДТ Раънохон Бобоҷониён бо ҳайти васеи давлати Хитой ва фаъолони ҲХДТ, махсусан аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ доир гардид.
ХХДТ ВА Комунисти ЧИН (6)Мудири шуъбаи таблиғот, ташвиқот ва тарғиботи  дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов ҳадаф ва мақсади сафари ин  ҳайатро дар таҳким бахшидан ба корҳои ҳизбии байни ду давлат маънидод карда, зикр намуд ки ташрифи намояндагони воломақоми ин кишвари ба мо дӯст ба ин таҳким замина мегузорад.
Тавре ки Маҳмадулло Наимов иброз намуд, ин сафар барои боз ҳам равнақу ривоҷ додани корҳои ҳизбӣ ва махсусан тақвият бахшидани   Барномаи ҲХДТ, ки дар Анҷумани 12-ум моҳи декабри соли 2015 қабул гардид, дар ҳафт самт ва 21 бахш, яъне боз ҳам ривоҷ додани ҳамкории иқтисодӣ, махсусан тақвият бахшидани лоиҳаҳои якҷояи ҳамкорӣ барои ривоҷу равнақи иқтисодиёти ояндаи Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба андешаи фаъолони ҲХДТ, ин мулоқотҳои судманд барои таҳким бахшидан ба ҳамкорӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯст, инчунин барои боз ҳам баланд гардидани рушди иҷтимоиву иқтисодии давлати Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар назар аст, ки меҳмонон дар доираи сафар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» боздид ба амал оварда, бо роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, инчунин  намояндагони ВАО вохӯрӣ доир намоянд.

Январь 17, 2017 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд