Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ширкати «Ходайз групп Индастрис»
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ширкати «Ходайз групп Индастрис» Радҷа Рамакришнан мулоқот намуд.
Дар вохўрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо доир ба иҷрои мувофиқаҳои зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ба дастомада табодули афкор карда, дар ин замина муҳимияти рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.
Дар мулоқот барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамгироии манфиатбор дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






