Мулоқоти вакилони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Хоруғ

Январь 19, 2017 18:00

Акрамшо ФелалиевХОРУҒ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафари навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ВМКБ, ки ҳадафи он шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат мебошад, аз мулоқот бо сокинони маҳалаи Хоруғи боло оғоз ёфт. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Акрамшоҳ Фелалиев аз дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ, ки дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони ВМКБ тағйироти назаррас ба бор овардаанд, ҳарф зада, аз ин миён бунёди роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулмаро муҳимтарин рӯйдоди асри XXI шумурд. Ба бунёди ин роҳ замоне шурӯъ карданд, ки фазои кишвар ноорому дар буҷаи ҷумҳурӣ низ маблағи кофӣ мавҷуд набуд. Аммо Пешвои миллат аҳамияти ин роҳро барои пешрафти ояндаи иқтисоди давлат ва рафтуомади бидуни монеаи сокинони манотиқи мухталифи кишвар дарк карданд ва аз ин рӯ дастур доданд, ки ба ҳар қимате агар сохтмони ин роҳ тамом шавад, мо онро бунёд хоҳем кард. Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Раҳбарияти олии кишвар тавонист ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бо мақсади таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишвар ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид табдил диҳад. Бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт Пешвои миллат баён доштанд, ки «соли 2017 таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб Дарвоз, Кӯлоб Шамсиддин Шоҳин ва Шкев маркази ноҳияи Дарвоз дар назар аст».
Акрамшоҳ Фелалиев, ки зодаи ҳамин диёр аст, аз даврони донишҷӯии худ ёд оварда, гуфт, ки агар ягон ҳодисаи нохуш дар хона ва ё деҳа рух медод, маҷбур будем, ки марзи ду кишвар, яъне Ӯзбекистону Қирғизистонро убур карда, дар давоми як ҳафта худро ба зодгоҳамон расонем. Ҳоло муҳлати сафар аз пойтахти кишвар то шаҳри Хоруғ ҳамагӣ 11- 12 соатро дар бар мегирад. Ва дар ояндаи наздик бо ба итмом расидани сохтмони қитъаи роҳи Дарвоз- Хоруғ ин муҳлат бамаротиб камтар хоҳад шуд.

Январь 19, 2017 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад