Мулоқоти занони шаҳри Хоруғ бо Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқот Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода Тағо нуқтаҳои муҳими Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, изҳор намуд, ки бо гузашти як сол дар арсаҳои мухталифи кишвари мо дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд ва мардуми мо таҳти раҳбарии Пешвои миллат ба ҳадафҳои стратегии худ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ торафт наздиктар мешаванд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротӣ кӯшиш мекунанд давлатҳои алоҳидаро ба коми оташи ҷанг тела диҳанду ғаразҳои нопоки худро амалӣ созанд. Вобаста ба ин муҳимтарин рисолати ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳифзи сулҳу суботи кишвар мебошад, зеро миллати тоҷик зарару хисороти ҷанги таҳмилиро бо чашми худ дидааст. Таъкид карда шуд, ки агар кишвари мо ҷанги таҳмилиро пушти сар намекард, роҳи расидан ба зиндагии шоиста боз ҳам кутоҳтар мешуд.
Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ бори дигар аз ин солҳои душвор ёд оварда хотиррасон намуд, ки қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.
Идигул Қосимзода Тағо нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро хеле арзишманд шумурда, изҳор дошт, ки чанд соли охир теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Имрӯз 23 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат таъкид кард, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин ба суолҳои иштирокдорони мулоқот посух гардонд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






