Мушовири Вазири мудофиаи ҶТ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мушовири Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Зариф Шарифзода шоми гузашта дар синни 46-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ин ниҳод Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Ба иттилои ӯ, маросими ҷанозаи Зариф Шарифзода имрӯз, 19 январ нисфирӯзӣ дар Душанбе доир мегардад.
Бояд зикр кард, ки марҳум моҳи январи соли 2014 фармондеҳи Ситоди кулли артиш ва муовини аввали Вазири мудофиаи ҶТ таъйин гардида, дар ин вазифа то моҳи январи соли 2016 фаъолият намуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






