Мусодираи беш аз 26 кг маводи мухаддир аз ҷониби гумрукчиён
ДУШАНБЕ, 17.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 4 ҳазору 500 ҳолати қонуншикании гумрукӣ дар соли сипаригардидаи 2016 аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайрокуниҳои гумрукии мақомоти гумруки кишвар ошкор гардидааст. Аз ин омор 61 ададаш ҷиноят буда, 30 ҳолаташ ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 4 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳо дар бахши фаъолияти гумрук марбут мебошад. 2 ҳолати ҷиноят дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ошкор гардидаанд.
Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки дар чор ҳолати ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар соли гузашта гумрукчиёни тоҷик беш аз 26 кг маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки наздик ба 20 кг-ро ҳашиш, зиёда 7 кг-ро афюн ва боқимондаашро маводи сахттаъсири героин ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






