«Мужда аз рӯзгори накӯ ва саодати миллат», «Агар сесад забон донӣ, фузун нест» — шарҳи матбуот

Январь 5, 2017 17:19

ДУШАНБЕ, 05.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муҳтавои шумораи нахустини нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (01.01.2017,№1) дар соли нави мелодии 2017 аз силсилаи мақолаҳои ҷолиб, чун: «Ифтихор аз ташаббуси Пешвои миллат, ки ба нафъи башарият аст», «Амнияти иттилоотӣ – муродифи амнияти давлат ва миллат аст», «Осорхона ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ», «Паём – илм дар мадди аввал», «Роҳнамо» ва ҳамчунин хабарҳои мухталиф аз ҳаёти сиёсии мамлакат ва кишварҳои ҷаҳон иборат ёфтааст. Дар саҳифаи аввали нашрия Паёми табрикии Сарвари давлат ба муносибати Соли нави мелодии 2017 бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: Соли 2017 барои давлату миллати мо оғози марҳилаи нави рушд маҳсуб мегардад» бознашр шуда, дар рубрикаи «Сухани рӯз» таъкиди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оварда шудааст: «Боиси ифтихор аст, ки мардуми бонангу номуси мо дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, ҷиҳати муаррифии шоистаи давлати тоҷикон ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳон саҳми ватандӯстона мегузоранд».

Дар шумораи дирӯз чопшудаи «Ҷумҳурият» (04.01.2017, №2) номаҳои шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба муносибати 25-солагии оғози робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба хонандагони нашрия пешниҳод шудааст. Дар номаи Сарвари давлати тоҷикон зикр шудааст: «Мо муносибатҳои босуботи худро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой арзишманд медонем ва ба рушди мантиқии онҳо дархӯр ба рифоҳи мардумонамон эътимоди комил дорем. Дар дурнамои наздик ва дарозмуҳлат рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ҳамсояи бузурги худ самти авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Дар номаи ҷавобии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин омадааст: «Ин ҷониб ба густариши минбаъдаи муносибатҳои Хитою Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад. Ҷониби Хитой масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар, саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурдии тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ қотеъона пуштибонӣ менамояд».

«Туризми кӯҳӣ – чанд паҳлӯи як проблема» -бо чунин сарлавҳа мақолаи таҳлилии хабарнигори нашрия чоп шудааст, ки дар он зарурати таваҷҷуҳи хоса ба ин навъи сайёҳӣ таъкид карда шудааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкур мақолаҳои «Эстакада. Мушкиле нест, ки осон нашавад», «Хушо амире, ки ба хонаи фақир ояд…», «Зимистон, дили мардуми Сангвор гарм аст», «Рӯзгоре барои ибрат», Бемории сил. Шумо бояд иродаи мустаҳкам дошта бошед» чоп шудаанд, ки аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи русзабони «Народная газета» (04.01.2017,№1) дар шумораи аввали соли нави 2017 оид ба боздиди Сарвари давлат аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб гузориш нашр кардааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ин маҷмааи нодири варзишию сайёҳиро, ки аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ иборат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳамчунин нашрия мақолаҳои зеринро: «Освобождаясь от наследства…», «Рогун отправит локомотивы на запасной путь», «Ответ – один стандарт», «Человек один, языка – два», «Белорусско-кыргызский демарш: Саммит ЕАЭС прошел не по сценарию» пешкаши хонандагон карда, аз навгониҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон хабарҳои муфассал чоп намудааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (04.01.2017, №1) Паёми табрикии Президенти мамлакатро ба муносибати Соли нави мелодии 2017 бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: Барои расидан ба комёбиҳои нав софдилона кӯшиш намоем» бознашр карда, дар саҳифаи 2-и шумораи чопшуда мулоҳизаҳои чанд нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро оид ба фаъолияти касбии Парлумон дар соли 2016 пешкаши хонандагон кардааст. Мақолаи мушовири Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Холов бо номи «Қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки гумроҳшудагон ислоҳ шаванд» дар мавзӯи муҳими рӯз – паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ кардани ин хатари ҷаҳонӣ навишта шудааст.

 Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» мақолаҳои «Агар сесад забон донӣ фузун нест», «Мужда аз рӯзгори накӯ ва саодати миллат»-ро, ки дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ навишта шудаанд, чоп кардааст. Дар саҳифаи насри ҳафтанома ҳикояи Темур Зулфиқоров «Пирамарде ном хоркаш — Бобоҷон», дар саҳифаи назм шеърҳои Ато Мирхоҷаро нашр шуда, доир ба ҳунар ва эътибори Мастона Эргашева дар саҳифаи санъат мусоҳиба бо номи «Ба дасти нозуки Мастона тор мезебад» ба дӯстдорони адабу санъат пешниҳод шудааст.

Замира Рустамова – ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016» бо ҳамин сарлавҳа нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» (06.01.2017,№1) дар саҳифаи якуми худ гузориш аз ҷамъбасти озмуни мазкурро нашр кардааст. Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ҳамасола бо мақсади дарёфтан ва густариш бахшидани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳафтанома мусоҳибаи Шодӣ Раҷабзодро бо муовини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода чоп кардааст. Дар мусоҳиба ҷараёни бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ инъикос шудааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар шумораи навбатӣ мақолаҳои «Тоҷикистон – пешгоми ҳалли масоили экологӣ», «Зебоиофар», «Афсона кӯдакро тарбия мекунад», «Ҷавонони қадим чӣ бартарӣ доштанд?», «Тафаккури баланд аслиҳаи бузургест алайҳи роҳҳои хатарзо» ва хабарҳои варзиширо аз иштироки дастаи мунтахаби духтарон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҳандбол ва бозии санҷишии дастаи мунтахаби ҷавонон оид ба футбол бо дастаи футболи КМВА «Помир» нашр кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз муноқишаи гурӯҳӣ, ки дар ҳудуди пойтахт сар зада, боиси марги ду навҷавон шудааст, бо сарлавҳаи «Маҳалламактабҷанг» дар саҳифаи якум гузориш бо аксҳо чоп кардааст. Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо шоир Ҳаёт Неъмат бо сарлавҳаи «Чашми чор» пешкаши хонандагон шудааст. Дар мусоҳиба масъалаҳои гуногун мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамчунин аз бобати интизории сокинони Ӯзбекистон аз президенти навинтихоби ин кишвар фикру мулоҳизаҳо изҳор шудаанд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ бо номи «Тирагиҳои поёни умр» аз сарнавишти актёри кино Ҷаҳон Саидмуродов, ки дар филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» нақши Саидро иҷро кардааст, мавод чоп кардааст. Мақолаҳои «Вақте ки дар санҷиш қонун риоя намешавад…», «Зулм бар зан», «Стратегияи нав дар барномаи сиёсати хориҷии давлат», «Эътимодро набояд аз даст дод», ки дар шумораи навбатии нашрия дарҷ гардидаанд, аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Январь 5, 2017 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид