Наим Мансурзода: «Сабаби зиёд гардидани арзу шикоятҳои баррасишуда болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст»

Январь 18, 2017 15:13

ДУШАНБЕ, 18.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Дилбар Соҳибназар, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Наим Мансурзода, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мақомоти мазкур дар соли 2016 ба хабарнигорон маълумот дода, зикр кард, ки дар соли сипаришуда теъдоди арзу шикоятҳои баррасишуда 3080 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2015 (1925) 1155 адад, яъне 60% фоиз зиёд мебошад.
Н.Мансурзода ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавриди сабабҳои зиёд гардидани арзу шикоятҳои баррасишуда посух дода, яке аз сабабҳои асосии онро аз боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва бовариву эътимоди онҳо ба мақомоти судӣ арзёбӣ намуд. Номбурда дар тақвияти ин гуфтаҳо илова намуд, ки дар муқоиса ба солҳои пешин аризаҳои даъвогӣ зиёд шудаанду шикоятҳо аз болои норозигӣ аз санадҳои судӣ коҳиш ёфтаанд.
Н. Мансурзода ҳамчунин зимни посух ба дигар суолҳо зикр кард, ки дар соли 2016 аз ҷониби судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвандаҳои баррасишуда ба фоидаи давлат ва даъвогарон 2 млрд 009 млн 683 ҳазору 242 сомонӣ рӯёнида шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба маблағи 106 млн 037 ҳазору 398 сомонӣ ё 31,8% зиёд мебошад.

Январь 18, 2017 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд