Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар «Кохи Наврӯз»
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ Ховар/. Дар «Кохи Наврӯз»-и пойтахт бори нахуст шурӯъ аз 10 январи соли равон намоиши филмҳои истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, тӯли 1 моҳ идома меёбад. Тамошобинон имкон доранд бо маҳсули эҷоди синамогарони тоҷик шинос шаванд.
Дар ин бора Толиб Раҳматуллоев, муовини директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр кард, ки ҳаводорони синамо дар ин давра метавонанд филми ҳунарии «Хоби ҳамдуна»-и коргардон Румӣ Шоазимов, филми мазҳакавии «Сафари ҳавоӣ» -и коргардон Далер Раҳматов ва филми ҳунарии «Аз ман марав»-и коргардон Набиҷон Пирматовро тамошо кунанд.
«Намоиши мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки сол то сол филмҳои офаридаи синамогарони тоҷик дар байни тамошобинон маҳбубияти хоса пайдо намуда, ин соҳаи муҳими санъат дар ҷумҳурӣ рушд меёбад», — илова намуд Т.Раҳматуллоев.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






