Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ-Сафир Петер Буриан ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22-25 январ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Петер Буриан ба Тоҷикистон ташриф меоварад
Тибқи нақша сафир Петер Буриан бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва дигар сиёсатмадорони сатҳи баланд мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.
Инчунин сафир Буриан бо муассисаҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаласаҳо доир хоҳад кард. Сафари мазкур манфиати доимии Иттиҳоди Аврупоро дар густариши муносибатҳои хуб бо Тоҷикистон ва давоми муколамаи озоду сермаҳсул дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон инъикос менамояд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






