Наврӯзи байналмилалӣ дар Турсунзода баргузор мегардад
ТУРСУНЗОДА, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни бостонии байналмилалии Наврӯз имсол дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Дар ин бора раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба ин муносибат кулли сокинони шаҳр омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Аллакай беш аз 3500 бех дарахтони гуногун дар шафати роҳ шинонда шуданд. То рӯзҳои ҷашн ҳазорҳо бех гулҳои рангоранг гулгаштҳои шаҳрро зеб хоҳанд дод. Рангуборкунии биноҳои маъмурию истиқоматӣ бо маром идома дорад.
Дар назар аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз шаш иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирад. Дар чорабиниҳои фарҳангии ҷашни Наврӯз намояндагон аз манотиқи гуногун, аз ҷумла аз ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон иширок менамоянд.
Раиси шаҳри Турсунзода иброз дошт, ки баҳри бартараф намудани тамоми камбудиҳо телефони боварии раиси шаҳр таҳти рақами 8-31-30-2- 77-77 доимо фаъол аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






