Неругоҳи Сарбанд соли 2016 ба миқдори 1 миллиарду 126 миллион кВт неруи барқ истеҳсол намуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли сипаригардида аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Сарбанд ба маблағи 179,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 109,5 % — ро ташкил медиҳад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар таъмини дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми корхонаҳои неругоҳи барқи обии Сарбанд, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд», «Сементи рушди Хатлон», «Аҳмадшоҳи Р», «Сафарӣ», «Имкон», «Анис-2010», «Орди рушди Хатлон», «Равғани Сарбанд» ва Роҳи оҳани Тоҷикистон назаррас мебошад.
«Аз ҷумла, неругоҳи барқи обии Сарбанд дар соли 2016 ба миқдори 1 миллиарду 126 милион кВт неруи барқ истеҳсол намуд, ки нақшаи истеҳсолиро ба 102 % расонид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 миллион кВт зиёд аст»,- хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






