Нигина Анварӣ: «Ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ назаррас аст»

Январь 30, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро дар самти ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ тақвият бахшида, як қатор корҳои мақсаднокро ба сомон расонида истодааст. Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоядар соли сипаригардида, зиёда аз 20 ҳамоиши доираҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ- имконияти нави сармоягузорӣ», Форуми соҳибкорони Тоҷикистон, намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016» ва Форуми сармоягузории «ПомирИнвест» ташкилу баргузор гардиданд»,- иброз дошт Нигина Анварӣ.

Январь 30, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад