Олимони АИ ҶТ дар соли 2016 аз рўи 96 мавзӯъ таҳқиқот гузарониданд

Январь 12, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 12.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Дар соли 2016 олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотро аз рўйи 96 мавзӯъ, аз ҷумла 64 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва 32 мавзўи амалӣ, ҳамчунин 15 лоиҳаи инноватсионӣ идома дода, дар соҳаҳои математика, физика, астрофизика, химия, геология, зилзиласанҷӣ, масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, ботаника, физиология ва генетика, зоология ва паразитология, таърих, забон, адабиёт, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва иқтисодиёт натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд»,- зикр кард Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Инчунин номбурда илова намуд, ки дар ин давра аз ҷониби Академияи илмҳо ва муассисаҳои илмии он ҳамагӣ 64 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 4 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 1 форуми байналмилалӣ, 8 конференсияи илмии байналмилалӣ, 30 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 сессияи илмӣ, 10 семинар (аз ҷумла 5 семинари байналмилалӣ) ва 5 суҳбат баргузор карда шуд.

Январь 12, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад