Омилҳои иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар чист?

Январь 17, 2017 15:25

ДУШАНБЕ, 17.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукиро ба андозаи 90,4% иҷро карда, дар соли 2016 ба Буҷети кишвар беш аз 3,8 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуданд, ки дар қиёс ба нақшаи пешбинишуда зиёда аз 400 миллион сомонӣ кам аст. Ҳол он ки нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2016 зиёда аз 4, 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Хуршед Каримзода, муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ омилҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукиро дар кишвар ба таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷм ва арзиши моли воридотӣ, хусусан молҳое, ки истеҳсолашон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд, аз қабили семент, қолин, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва қаннодию гӯштӣ, пастравии арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ, инчунин фаъолияти гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Чин, мушкилоти транзитии молҳо тавассути қаламрави Афғонистон дар иртибот ба вазъи сиёсии ин кишвар рабт дод.

Январь 17, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд