Ҷонибдории ташаббуси Пешвои миллат аз сӯи ҷавонони Парлумон
ДУШАНБЕ, 3.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз сӯи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфта, ин ташаббус барои ҷавонони кишвар иқдоми сарнавиштсоз арзёбӣ гардид.
Дар робита ба ин Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон — «Parlament.tj» гӯшае таҳти унвони «Ҳаёт ва фаъолияти ҷавонони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон» боз гардид. Хонандагон тавассути ин гӯшаи махсус имкон доранд бо ҳаёт ва фаъолияти ҷавонони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон шинос гардида, савол ва андешаҳои худро ба унвонии онҳо ирсол намоянд.
Тавре ҷавонони Дастгоҳи палатаи поёнии Парлумони кишвар иброз медоранд, онҳо омодаанд дар оянда низ дар рушду пешрафти бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






