Пагоҳ «Амонатбонк» ва Хадамоти гумрук хабарнигоронро ба нишастҳои матбуотӣ даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 17 январи соли 2017 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Дар нишастҳои матбуотӣ роҳбарони ин сохторҳо аз дастовард ва камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 ба хабарнигорони ВАО ҳисобот ва ба суолҳояшон посух медиҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11-00, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соати 14-00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар», Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10-00 дар бинои Хадамоти мазкур ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон соати 10-00 дар бинои киностудияи «Тоҷикфилм» баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






