Пардохти нафақаи беш аз 12 ҳазор нафар маъюбон пурра қатъ гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Пардохти нафақаи 12 ҳазору 847 нафар маъюбон аз сабаби тасдиқ нагардидани гурӯҳи маъюбиашон пурра қатъ гардидааст»,- гуфт Назокат Одиназода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 16 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба иттилои агентии мазкур, дар айни замон дар Тоҷикистон 144 ҳазору 622 нафар нафақаи маъюбӣ мегиранд.
«То 1 январи соли равон 69 ҳазору 627 нафар гирандагони нафақаи маъюбӣ аз муоинаи такрории тиббию иҷтимоӣ гузашта, аз ин теъдод гурӯҳи маъюбии 51 ҳазору 763 нафар тасдиқ ва аз нав барқарор шуд. Аз ин шумора 6 ҳазору 597 нафар аз як гурӯҳи маъюбӣ ба гурӯҳи дигар гузаронида шуда, нафақаашон вобаста ба гурӯҳи нави маъюбӣ аз нав ҳисобӣ, таъйин ва пардохт шуда истодааст»,-зикр намуд Назокат Одиназода.
Илова гардид, ки то 1 январи соли 2017 зимни муоинаи такрорӣ гурӯҳи маъюбии 17 ҳазору 864 нафар тасдиқ нагардида, 5 ҳазору 17 нафар аз ин теъдод бинобар расидан ба синни нафақавӣ ба нафақа аз рӯи синну сол гузаронида шуданд.
Назокат Одиназода баён дошт, ки бархе аз маъюбон дар натиҷаи солимгардонӣ пурра муолиҷа ёфта, аз ҳамин сабаб гурӯҳи маъюбиашон қатъ гардидааст.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






