Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри «Душанбе- Хуҷанд» зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки парвози ҳавопаймоҳоро дар хатсайри «Душанбе-Хуҷанд», бинобар фаромадани тарма дар бархе аз қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ афзоиш диҳад.
Худоёр Худоёрзода, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 январ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дирӯз бар асари боришоти аз меёър зиёди барф дар якчанд мавзеи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайванданд, тарма фаромад. Дар натиҷа ҳаракати беш аз 200 воситаи нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ гардид. Фаромадани тарма дар баъзе аз мавзеъҳои ин шоҳроҳ ҳамзамон хисороти ҷонӣ ба бор овард.
Вазири нақлиёт зикр кард, ки ҷиҳати тоза кардани қитъаҳои 65 ва 69-и шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ аз тарма беш аз 20 адад техникаи ширкати IRS /«Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»/ cафарбар гардидаанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Вазорати нақлиёти кишвар дар ҳамкорӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар нақшаи ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар масири Душанбе-Чаноқ тарҳрезӣ намудааст. Зикр гардид, ки дар ин шабу рӯз бояд ронандагон ва шаҳрвандон аз сафар ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, ки хавфи тармафароӣ мавҷуд аст, худдорӣ намоянд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






