Паём ба мо роҳи созандагӣ меомӯзад

Январь 18, 2017 11:21

ДУШАНБЕ, 18.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баррасӣ ва шарҳи ҳамаҷонибаи Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ созмон дода, миёни аҳолӣ вохӯриву суҳбатҳо доир намуда истодааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, бо ин мақсад тайи ду рӯз гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолону ҷавонон, занон, ҷамоаҳои меҳнатӣ, адибон ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, Ҷамоати деҳоти Навзамин, Ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов, Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолият Ҷамоатҳои Деҳқонобод, Нури Вахш ва осоишгоҳи «Зам-зам» бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Салоҳиддин Раҷабзода вохӯриву сӯҳбатҳо баргузор намуданд.
Зимни вохӯриҳо иштирокчиён атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, таъкид карданд, ки Паёми Пешвои миллат тоҷикистониёнро баҳри ворид гардидан ба марҳалаи нави рушди кишвар раҳнамун сохта, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Январь 18, 2017 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд