Паём — дастурамал дар роҳи созандагист

Январь 14, 2017 12:24

Кулоб1КӮЛОБ, 14.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат дар миёни аҳолӣ вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотиро дар Мактаби президентӣ, Маркази фарҳангии ҷавонон, ҶСК «Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб» ва ҷамоати деҳоти Зиракӣ доир намуд.
Дар вохӯриҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирсаидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматзода, раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назришоҳ Зоиров иштирок карданд.
Зимни вохӯриҳо зикр гардид, ки мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ аз Паёми Президенти кишвар илҳом гирифта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан талош меварзанд.

Январь 14, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд