«Паём-роҳнамои ҳаёт ба сӯи рӯзгори неку босаодати мардуми Тоҷикистон!» -бардошт аз мулоқот бо сокинони ҷамоати Дӯконии Норак

Январь 30, 2017 16:46

НОРАК, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо иштироки кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр оид ба шарҳу тафсири Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» бо аҳолии ҳудуди ҷамоат вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мутахассисон дар бораи тибқи анъанаҳои миллӣ гузоштани насаб, сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, зиёд шудани боҷи давлатӣ дар бахшҳои САҲШ, оқибатҳои манфии никоҳи хешу таборӣ ва ҳатмӣ будани муоинаи тиббии никоҳшавандагон сухан намуда, оқибатҳои манфии онро ба сокинон фаҳмониданд. Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и шаҳри Норак Фарзона Лутфулозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мудири бахши САҲШ-и шаҳр Сарвиноз Абдуаҳадова иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли 2016 ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохт. Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ, инчунин бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони бекор як силсила тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонид.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои ҳаёт ба сӯи рӯзгори боз ҳам неку босаодати мардуми Тоҷикистон аст.

Январь 30, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд