«Паём- роҳнамои имрӯзу фардо»- ҳамоиш дар вилояти Суғд
ХУҶАНД, 14.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 700 нафар омӯзгорони шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хатмкардагони курсҳои бозомӯзии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҳти унвони «Паём- роҳнамои имрӯзу фардо» ҳамоиш доир гардид.
Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода фаъолияти соҳаи маорифи вилоятро дар партави нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дод. Мавсуф гуфт, ки нишондиҳандаҳои ба зинаи сеюми таҳсилот фарогирии хатмкунандагони синфи 9, қабули хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои олӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ хурсандибахшанд.
Номбурда ҳамзамон аз камбудию норасоиҳои соҳа ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар қиёс ба солҳои пешин шумораи ғолибони олимпиадаҳо дар аксар шаҳру навоҳӣ кам ба чашм мерасад.
Дар ҷамъомад омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иброз доштанд, ки аз Паёми навбатии Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар партави он содиқона адои вазифа мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






