Паёми Пешвои миллат-боз як қадами устувор барои рушди кишвар
ДУШАНБЕ, 6.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи Парлумони касбии мамлакат семинар дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қадами устувор барои рушди кишвар» баргузор гардид.
Дар семинар вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун омили муҳҳми мусоидаткунанда ба рушди ҷомеа рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар назди тамоми кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталабро мегузорад. Иҷрои саривақтии нуктаҳои он рушди устувори кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.
Аз ҷумла, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои бисёр муҳим ва рӯзмарраи соҳаҳои иқтисодию-иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, энергетика ва сиёсати ҷавонон ба миён гузошта шудаанд. Ин беҳуда нест. Ин нишонаи он аст, ки Пешвои миллат ва Ҳукумат ба ин соҳаҳо, махсусан ба соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Тавре дар Паём зикр гардидааст, тарбияи ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихор аз ватандорӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омўзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини кишвар ҳисобида мешаванд.
Дар семинар зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муваффақ гардида, дар ояндаи наздик ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа сазовор хоҳем шуд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






