Паёми Пешвои миллат умеду боварии мардумро ба ояндаи дурахшон қавитар мегардонад
ХУҶАНД, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Хуҷанд дар Коллеҷи тиббии шахр мулоқоти намояндагони сохторҳои илму дин ва сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ» бо намояндагони ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуландом Абилова иштирок доштанд.
Маҳмадулло Ватанзода оид ба дастовардҳои 25 соли истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нав ва истиқлолияти энергетикӣ иброз намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм ва эктремизм, нашъамандӣ ва сиёсати «дарҳои боз» дода шудааст.
Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз паёмҳои қаблӣ аз ҳар ҷиҳат тафовут дошт. Таҳлилу баррасиҳои амиқ ва зикри далелҳои мӯътамаду асосноки Президент оид ба пешрафту инкишофи муҳимтарин соҳаҳои зиндагии халқ зимни баёни Паём бори дигар умеду боварии моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон қавитар мегардонанд.








Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






