«Пешвои миллат ва ҳалли муаммоҳои обии сайёра»- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ

Январь 4, 2017 10:42

ДУШАНБЕ, 04.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Пешвои миллат ва ҳалли муаммоҳои обии сайёра» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, Анвар Мақсудӣ, ректори донишгоҳ зикр кард, ки «21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иттифоқи оро ва ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд».
Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим дар мавзӯи «Ташаббус ва ҳадафҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об» маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар баробари ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд.

Январь 4, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад