Порсол дар бахши таҷдиду бунёди роҳҳои кишвар 19 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардиданд

Январь 30, 2017 15:19

ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 19 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 5,6 миллиард сомонӣ дар соли сипаришуда дар бахши таҷдиду аавсозӣ ва бунёди роҳҳои кишвар татбиқ гардидаанд. Худоёр Худоёрзода, вазири тозатаъйини нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки аз 19 лоиҳа 15-тои он ба навсозии роҳҳои автомобилгард нигаронида шудаанд, ки беш аз 4 миллиард сомонӣ маблағҳои лоиҳавиро ташкил медиҳанд.
Вазири нақлиёти кишвар афзуд, ки дар ин давра дар Тоҷикистон наздик ба 100 км роҳи автомобилгард, 18 пул, беш аз 40 км хати роҳи оҳан ва ба масофаи 3,7 км нақб ба истифода дода шуд. Азнавсозии роҳи автомобилгарди Восеъ- Ховалинг бо масофаи 88 км бо 12 пул ба маблағи 340 миллион сомонӣ, таъмири беш аз 10 км роҳи мошингарди Рашт-Навобод ва як пул аз болои дарёи Сорбоғ ба маблағи 23 миллион сомонӣ, инчунин сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа /қисмати Ваҳдат-Ёвон/ бо дарозии беш аз 40 км роҳ, ки дорои се нақб ва панҷ пул аст, ба маблағи беш аз 980 миллион сомонӣ аз дастовардҳои роҳсозон ва нақлиётчиёни кишвар дар соли сипаригардида мебошад.
Ин дастовардҳо дар самти амалигардонии яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон қадами устувор мебошанд.

Январь 30, 2017 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад