Президенти Ӯзбекистон фаъолони марказҳои фарҳангии тоҷиконро қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар кишвар» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид. Дар ин бора сомонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
24 январ дар Ӯзбекистон ҷашни 25-солагии таъсиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги байнимиллатҳо таҷлил карда шуд. Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар маросими тантанавӣ бахшида ба он таъкид намуд, ки дар рушди хусусияти этникӣ ва ҳамоҳангкунии минбаъдаи муносибатҳои байни миллатҳо дар Ӯзбекистон 137 маркази миллии фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд.
«Рушди фарҳанг, забон ва ҳунарҳои хоси мардумии худ ба ғанигардонии мутақобилаи фарҳангҳо ва таҳкими ҳисс гуногунмиллатии ягона дар оилаи ҳар яки мо саҳм мегузоранд», — гуфт Мирзиёев.
Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи фаъолони марказҳои миллии фарҳангии Ӯзбекистонро барои гузоштани саҳми арзанда дар таҳкими фазои таҳаммулпазирӣ, сулҳ ва инсондӯстӣ дар Ӯзбекистон, нигоҳдорӣ ва рушди фарҳанги миллии хос, анъана ва урфу одат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба ғояҳои истиқлолият ва инчунин барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ордену медалҳо қадрдонӣ кард. Миёни сарфарозгардидагон фаъолони марказҳои тоҷикон низ мебошанд.
Бо ордени «Дӯстлик» раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё, профессори кафедраи автоматика ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи муҳандисию иқтисодии Қаршӣ Абдурасул Эргашев қадрдонӣ гардид.
Бо медали «Шӯҳрат» фаъоли маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори газетаи ҳукуматии «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон Анвар Муродов қадрдонӣ шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ Президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки бинои беназир дар кӯчаи Бобури Тошканд, ки ба ҷамъияти саҳомии «Узбекенгилсаноат» мутааллиқ буд, ба Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги байнимиллатҳо дода шуда, он «Қасри дӯстӣ» номгузорӣ шавад.
Ҳамчунин, президент дастур дод, парки ба номи Бобур, ки онҷо дар солҳои соҳибистиқлолӣ Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги байнимиллатҳо чорабиниҳои анъанавии худро мегузаронд, ба «Боғи дӯстӣ» табдил дода шавад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






