Р. Аҳмадзода: 10247 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ, пахта, картошка ва кишти такрорӣ гузаронида шуд. Натиҷаи ченакҳои назоратӣ нишон дод, ки дар майдони 224618 га, аз он 97347 га обӣ кишти зироати тирамоҳӣ, 160596 га кишти пахта, 20699 га кишти каротошка ва дар майдони 69852 га, аз он 69746 га обӣ кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Аҳмадзода Раҷаббой, Раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, санҷишҳои ба анҷом расонидаи Кумита нишон доданд, ки ҳамагӣ дар соли 2016, майдони 12830 га, аз он 10247 га корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Бо сабаби бад будани ҳолати мелиоративӣ 9181 га ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 3649 гектар аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
«Баҳри амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» то 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 174 ҳазору 837 ададро ташкил дода, бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин таъмин карда шудаанд»,- зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






