Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Эроди Сарвари давлат оид ба иҷро нагардидани қарорҳои судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад»
Душанбе, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сари вақт иҷро нагардидани қарорҳои судӣ аз тарафи мақомоти судии кишвар роҳбарияти ин мақомотро ба ташвиш овардааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён изҳори нигаронӣ намуда, зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои қарорҳои судӣ эроди ҷиддӣ гирифтанд.
Ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, то соли 2007 иҷрои санадҳои қарорҳои судӣ пурра аз ҷониби мақомоти судӣ таъмин мегардид, аммо бо назардошти ислоҳоти сохторӣ масъалаи иҷрои санадҳои мазкур ба зиммаи Вазорати адлия вогузор гардид ва оид ба истеҳсолоти иҷро Қонуни алоҳида низ қабул гардид.
«Тибқи ин Қонун иҷрои як қисмати санадҳои судӣ ба мақомоти мо вобаста карда шуд. Таҷриба нишон дод, ки дар ин самт ҳам аз тарафи мақомоти судӣ ва ҳам аз тарафи сохторҳои дахлдори Вазорати адлия камбудиҳо хеле зиёданд», иқрор шуд ӯ.
«Ба ҳама маълум аст, ки вақте қарори суд сари вақт иҷро намегардад, эътимоди мардум паст мешавад ва дар давоми соли ҷорӣ омӯзиши ҳаматарафаи иҷро нагардидани қарорҳои судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳи дурусти ҳалли ин масъала ба Сарвари давлат пешниҳод хоҳад шуд»,- илова намуд Раиси Суди Олӣ.













Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






