Раиси «Тоҷикматлубот»: «Донишҷӯёни ятим пурра аз пардохти ҳаққи таҳсил озод карда шуданд»

Январь 21, 2017 10:21

Точикматлубот (3)ДУШАНБЕ, 21.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати беҳтар намудани ҷараёни таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба замони муосир дар макотиби олии тобеи худ-Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Ҳусайн Идиев, Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ иброз намуд.
Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» зикр кард, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 40 нафар магистрант ва 20 нафар аспиранту унвонҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд. Онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.
«Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд мутаносибан 19 нафар ва 12 нафар донишҷӯён-ятимон пурра аз пардохти ҳаққи таҳсил озод карда, ҳамзамон бо як вақт хӯроки гарм дар як рӯз ва ҷойи хоб дар хобгоҳ таъмин шудаанд»,- афзуд Ҳусайн Идиев.

Январь 21, 2017 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад