Лоиҳаи Регламенти техникии «Маҳсулоти тамоку» дар баррасии ҳукумат аст

Январь 14, 2017 12:11

 ДУШАНБЕ, 14.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда дар Тоҷикистон  Регламенти  техникии «Маҳсулоти тамоку» тасдиқ ва қабул карда мешавад. Алҳол лоиҳаи он дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ибодулло Қурбониён , директори Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки бо Қарори Хукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  14 регламентҳои техникӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки онҳо ҷиҳати  кам кардани теъдоди   ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии талаботашон ҳатмӣ мусоидат менамоянд.
Инчунин  таҳия ва қабули регламентҳои техникӣ  яке аз омилҳои асосии таъмини бехатарии  молу маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани  назорат дар ин самт мебошад. То кунун дар кишвар регламентҳои техникии «Бехатарии  маҳсулоти  хӯрокворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ», «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ», «Бехатарии бозичаҳо», «Бехатарии маҳсулоти мебелӣ», «Бехатарии маҳсулоти таъйиноти  кӯдакон ва наврасон»  таҳия ва баъди мувофиқа бо вазорату иддораҳои кишвар аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Январь 14, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд