Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: «Дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил шудааст»
ДУШАНБЕ, 19.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани амалҳои коррусионӣ дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил карда шудааст. Аъзои ситод дар ҷараёни санҷишу имтиҳонҳо иштирок мекунанд. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳурот почтаи махсуси электронӣ ташкил карда шудааст, ки танҳо Ректори донишкада онро назорат карда метавонад. Ба воситаи ин почта донишҷӯён мулоҳизаҳои худро бевосита ба Ректори донишкада пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас мегиранд. Ин суханон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби Диловар Қодирзода, Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон баён шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Диловар Қодирзода инчунин зикр кард, ки тамоми санҷишҳо дар донишкадаи мо имрӯз тавассути маркази ягонаи тестӣ сурат мегиранд ва ҳамаи донишҷӯён ба воситаи компютер санҷиш месупоранд. Ба ғайр аз ин, мо ҳар моҳ дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои то соли 2020» дар ҳамаи сохторҳои донишкада чорабиниҳо баргузор мекунем. Ҳар шаш моҳ нақшаи нави чорабиниҳо дигар карда мешавад ва вобаста ба вазъи кунунӣ ва ҳолатҳои алоҳида баррасӣ мегардад.
«Яке аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт гузаронидани пурсишномаҳо мебошад. Мо дар ҳар нимсолаи таҳсил пеш аз санҷишҳо ва баъди санҷишҳо пурсишнома мегузаронем ва он аз тарафи Раёсати донишкада таҳлил ва баррасӣ карда мешавад»,- гуфт Диловар Қодирзода.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






