«Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷавондухтаронро ба ҳайси роҳбалад ба кор ҷалб менамояд

Январь 24, 2017 14:52

ДУШАНБЕ, 24.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки дар оянда як гурӯҳ ҷавондухтаронро ба ҳайси роҳбалад ба кор ҷалб намояд. Усмон Қаландаров-муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 24 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари бонувон ба кор, ки аз Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар бармеояд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Мавсуф афзуд, ки алҳол аз 391 нафар роҳбаладон 90 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки онҳо асосан дар хатсайрҳои роҳи оҳани дохили ҷумҳурӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд. Таъкид гардид, ки ба дӯши бонувон асосан корҳои сабук вогузор карда шудааст.

Январь 24, 2017 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад