Роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Роғун дар мавзӯи «Роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» конфронси илмию амалӣ шурӯъ кард.
Тавре аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, конфронс дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғун доир гардида, дар он мавзӯъҳои «Омилҳои баландбардории сифати таҳсилот дар шароити кунунӣ», «Роҳу усулҳои беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Муносибати навгонӣ дар инкишофи зеҳни хонандагон», «Нақши оила дар баланд бардоштани сифати таҳсилоти хонандагон» баррасӣ мегарданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






