Рушди соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, тиҷорат, кишоварзӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Франсия баррасӣ гардид

Январь 6, 2017 16:50

ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуэдар мулоқот намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ин вазорат хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, тиҷорат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Боиси зикр аст, ки миёни Тоҷикистону Франсия 13 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ, сохтмони инфрасохтори фурудгоҳӣ, мудофиа ва бехатарии дохилӣ ташкил медиҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкату корхонаҳои Франсия, аз ҷумла Airbus, Alstom, Auchan, Coyne et Bellier, Total, Gemalto, Isover Saint-Gobain, LOreal, Michelin, Nutristar ва Sofreco фаъолият мекунанд.
Дар 9 моҳи соли 2016 ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Франсия 11 056,7 ҳазор долл. ИМА-ро (воридот 11 000,1 ҳазор долл. ИМА ва содирот 56,6 ҳазор долл. ИМА) ташкил дод.

Январь 6, 2017 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад