Рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад
ҚӮРҒОНТЕППА, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шунида шуд.
Ҳамзамон ҳисоботи раисони комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин ва Панҷ шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки масъулини соҳа бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри пойдории забони давлатӣ, тоза ва беолоиш нигоҳ доштани он дар ҷомеа равона созанд. Зеро рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






