Рустам Назарзода бо Виорел Гутсу татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба зироати кишоварзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) бо сарварии намояндаи ин созмон Виорел Гутсу баргузор шуд.
Тавре аз Кумита хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба зироати кишоварзӣ, ҳифзи киштзор аз жола дар қаламрави кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо масоили таъминоти моддиву техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзии кормандон, ҳамчунин табодули таҷрибаи кор дар ин самтро муҳокима карданд.
Рустам Назарзода изҳори умед кард, ки ин гуна вохӯриҳо дар оянда низ мунтазам гузаронида шуда, ба иртибот миёни FAO ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таҳким мебахшанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






