Саъдӣ Каримов: «Дастрасӣ ба техника кори кишоварзони 5 ноҳияи вилояти Хатлонро хеле осон кард»
ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба дӯши Марказ татбиқи се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ- лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» вогузор гардидааст. Татбиқи яке аз онҳо- лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», ки ду ноҳияи вилояти Хатлон- Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳинро дар бар мегирифт, соли 2016 муваффақона ба анҷом расид. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов ба хабарнигорон иттилоъ дод. Дар доираи татбиқи ин лоиҳа 82 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ташкил шуда, дар асоси эҳтиёҷоти онҳо 118 зерлоиҳаҳо дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ карда шуданд. 98 зерлоиҳа оид ба хариди техника ва мошинолоти гуногун, 7 зерлоиҳа ба сохтмон ва барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, 6 зерлоиҳа ба сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ, 3 зерлоиҳа ба сохтмон ва барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, 3 зерлоиҳа ба таъмири роҳҳои дохили деҳаҳо ва 1 зерлоиҳа ба сохтмони гузаргоҳ рост меояд.
Саъдӣ Каримов иброз дошт, ки ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва бартараф намудани норасоии он аз ҷониби Марказ 238 адад техника ва 1 ҳазору 184 адад мошинолоти гуногун дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик дастрас ва барои истифода супорида шуданд. Пештар ин ноҳияҳо ба техника ва мошинолоти кишоварзӣ ниёзманд буданд. Онҳо ҳамеша бо техникаҳои кироя кор мекарданд, ки барояшон аз ҷиҳати молиявӣ хеле гарон буд. Баъд аз дастрас намудани техника мутобиқи маълумоти мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зерҳадаф кишту кор, коркарди заминҳо, боғу токзор, обод намудани роҳҳои дохили деҳаҳо ва дигар корҳои рӯзмарра сари вақт амалӣ шуда истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






