Сафари Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Питер Буриан ба Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 26.01..2017 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 январи соли 2017 Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Питер Буриан бо як гурӯҳ намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Вай аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқот кард. Сафир Питер Буриан ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаи байналмилалии донорон, муассисаҳои молиявии байналхалқӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), сафирони давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупои муқими Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон вохӯриҳо гузаронд. Дар ин бора аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳангоми мулоқотҳо сафир Буриан доираи васеи масоили сиёсӣ ва иқтисодиеро, ки барои арзёбии мушкилоту ситезаҳо, ҳадафҳо ва нақшаҳои рушди минбаъдаи Тоҷикистон муҳим ҳастанд, баррасӣ намуд. Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷонибҳо иштироки Иттиҳоди Аврупоро дар тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон, ривоҷи муносибатҳои минтақавӣ, соҳаи энергетика ва «Стратегияи нави рушди миллӣ барои солҳои 2016 2030» муҳокима карданд. Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои ҳамкорӣ ва ёрирасонӣ таъкид кард. Дар ин робита тарафҳо тайёриро барои ҷаласаи ояндаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва нақши зеркумитаро барои рушди ҳамкорӣ дар татбиқи Стратегияи рушди миллӣ мавриди баррасии амиқ қарор доданд. Ҷониби Тоҷикистон изҳори ният кард, ки Стратегияи рушди миллиро ба муассисаҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он муаррифӣ намояд, то Иттиҳоди Аврупо дар амалисозии чорабиниҳои зарурӣ кумаки худро бирасонад.
Сафир Буриан даъват намуд, ки Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодиро ба хотири расидан ба ҳадафҳои қабулшуда, аз ҷумла нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ идома дода, ҳалли устувори масъалаҳоеро, ки бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ мубоҳиса мешаванд, пайдо кунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






