Сафорати Туркия: «Шаҳрвандони Тоҷикистон ба амали террористии Истанбул алоқа надоранд»

Январь 19, 2017 17:53

ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Амали террористиеро, ки 31 декабри соли 2016 дар шаҳри Истанбул содир гардид, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулқодир Машарипови 34-сола, ки бо забонҳои хитоӣ, русӣ, арабӣ ва туркӣ ҳарф мезанад, содир намудааст. Ин нуктаро вобаста ба амали террористии рӯзи 31 декабри соли гузашта  дар шаҳри Истанбул содиршуда намояндаи Сафорати Туркия дар Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи намояндаи Сафорати Туркия дар Тоҷикистон, А. Машарипов омодагии ҷангиро дар Покистон ва Афғонистон гузашта, аз ҷониби мақомоти Ӯзбекистон дар кофтуков қарор доштааст. Моҳи январи соли 2016 номбурда ғайриқонунӣ аз ҳудуди Эрон ба Туркия ворид гардидааст. Зимни кофтуков аз манзили истиқоматии ӯ 197 ҳазор доллари ИМА, силоҳ ва ду адад квадрокоптер дарёфт шудааст.

Дар бораи алоқа доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷиноят намояндаи Сафорат зикр кард, ки ҳоло аз ҷониби мақомоти Туркия ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд. Ба гуфти намояндаи Сафорати Туркия, шаҳрвандони мазкур манзилҳои иҷоравии худро ба шахсоне, ки ба самти Сурия рафту омад доштанд, пешниҳод мекарданд.

«Оид ба алоқаи бевоситаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба амали террористӣ маълумот мавҷуд нест», — таъкид намуд намояндаи Сафорати Туркия дар Душанбе.

Январь 19, 2017 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд