Сатҳи донишазхудкунӣ дар ДМИТ 9% боло рафтааст

Январь 21, 2017 10:18

ДУШАНБЕ, 21.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 сатҳи донишазхудкунӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба соли 2015-ум 9% беҳтар шуд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкадаи мазкур Ашурбой Солеҳзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Ашурбой Солеҳзода, воситаҳои методию таълимии электронӣ тариқи планшетҳо ва ноутбукҳо паҳн карда мешаванд ва қисм ба қисм ҷараёни таълим бо истифодаи пурраи чунин воситаҳо гузаронида мешавад.
«Базаи лексияҳо, китобҳои дарсӣ, презентатсияҳо, воситаҳои таълимӣ, тестҳо ва дигар маводи ёрирасони таълимӣ пурра ташкил карда шуда, онҳо ба планшетҳо ва ноутбукҳои донишҷўён насб мешавад»,-илова намуд ректор.
Ашурбой Солеҳзода афзуд, ки солҳои охир бештар хатмкардагони донишкадаи онҳо бо кор таъмин шуда истодаанд.

Январь 21, 2017 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд