«Шаҳри бехатар» 281 ҳазор қоидавайронкунии ронандагонро ба навор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт 281 ҳазор ҳолати қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯза Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, Маркази низоми худкори «Шаҳри бехатар» барои пешгирӣ кардани ҷиноят таъсири хуб расонидааст. «Қоидавайронкунӣ аз ҷониби воситаҳои нақлиёт сол то сол кам ба қайд гирифта мешавад, чунки вақте зарар ба киса мешавад, мардум инро ҳис мекунанд. Соли гузашта агар ин шумора 356 ҳазор бошад, имсол 281 ҳазор қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Тадбирҳое, ки мо андешидем, ҷаримабандӣ ва дигар ҷазоҳо нисбат ба қонуншиканҳо таъсири худро расониданд».
Бояд гуфт, ки «Шаҳри бехатар» ин низоми барномаи видеои назоратӣ аз болои нақлиёт ва шаҳрвандони кишвар мебошад ки аз моҳи ноябри соли 2013 инҷониб ба кор андохта шудааст. Ин низом зери назорати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






