Шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон бештар дар соҳаҳои сохтмон, энергетика ва геология кор мекунанд

Январь 19, 2017 14:32

Сумангул Тагойзода (3)ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Қисми зиёди қувваи кории хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой буда, шаҳрвандони хориҷӣ бештар дар соҳаҳои сохтмон, энергетика, геология кор мекунанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода хабар дод.
Бино ба гуфтаи вазир, соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ 8 ҳазор квота ҷудо гардида, шаҳрвандони хориҷӣ инчунин бидуни квота, яъне тариқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар Тоҷикистон ба кор ҷалб мешаванд. «Дар асоси иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ширкатҳо барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ соли 2016 беш аз 11 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар миқёси мамлакат ба кор ҷалб шуданд. Дар айни замон квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дошта, кор дар ин самт идома дорад»,-илова намуд Сумангул Тағойзода.
Вазир афзуд, ки барои ба танзим даровардани кор ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ Хадамоти муҳоҷирати вазорат дар миқёси ҷумҳурӣ амалиёти муштараки «Нелегал»-ро мегузаронад. Зимни ин амалиёт корхонаҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ машғуланд, санҷида шуда, дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои будубош қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли гузашта нисбат ба 492 нафар хориҷиён санади маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин теъдод 204 нафар барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд.

Январь 19, 2017 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд