Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт
РАШТ, 4.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва донишҷӯёну омӯзгорони ин муассиса ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора масъулини Коллеҷи тиббии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мақсади ҷамъомад- бори дигар ба самъи донишҷӯён расонидани мазмуну муҳтаво ва мақсаду мароми Паёми Пешвои миллат мебошад, то дар оянда ҷавонон нуктаҳои муҳими Паёмро сармашқи зиндагии хеш қарор диҳанд.
Донишҷӯён эълони Соли ҷавононро хуб истиқбол гирифта, изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бинои замонавии коллеҷ ва хобгоҳи донишҷӯён ба истифода дода шуд.
«Ин ғамхориҳои Пешвои миллат моро водор месозанд, ки роҳи ростро интихоб намуда, ба Ватану миллати хеш сарбаландона хизмат намоем»,- иброз доштанд ҷавонон.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






